Ссылки доступа

Оскар-2018: "Шакли об"-и Гилермо дел Торо беҳтарин филм эълом шуд


Филми "Шакли об"-и Гилермо дел Торо дар бахши "Беҳтарин филм" соҳиби ҷоизаи Оскар шуд.

Ин филм, ки дар 13 бахш пешниҳод шуда буд, чаҳор ҷоиза ба даст овард. Ин филм қиссаи муҳаббати фарроши гунге аст, ки дар як озмоишгоҳи пинҳонӣ кор мекунад.

Ба ҷуз аз "Шакли об", филмҳои дигаре аз қабили "Дюнкерк", "Леди Бёрд", "Давраҳои торик", "Маро бо номи худам садо кун", "Се лавҳаи таблиғотӣ берун аз Эббинг, Миссурӣ" ва "Парвандаи махфӣ" низ ба озмун пешниҳод шуда буданд.

Пештар Фрэнсис Макдорманд барои бозидани нақш дар филми "Се лавҳаи таблиғотӣ берун аз Эббинг, Миссурӣ" дар бахши "Беҳтарин нақши зан" соҳиби ҷоиза шуда буд. Гаррӣ Олдман барои нақшаш дар филми "Давраҳои торик" беҳтарин ҳунарманд эълом шуд.

XS
SM
MD
LG