Ссылки доступа

Назарбоев аз минбари порлумон ба ваҳдати миллӣ даъват кард


Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон дар ҷаласаи муштараки порлумони болоӣ ва поёнии кишвараш суханронӣ кард. Вай ба ваҳдати миллӣ даъват кард ва аз оғози чанд ташаббуси иҷтимоӣ хабар дод.

"Замоне фаро расид, ки бояд барои густариши минбаъдаи ваҳдати миллӣ иқдомҳои мушаххас роҳандозӣ шавад ва инро бояд тавассути лоиҳаҳои бузурги иҷтимоӣ анҷом дод", - гуфт Назарбоев.

Дар ин суханронӣ вай паём дод, ки қасд дорад, дар курсии президентӣ фаъолият кунад. "Ман кор кардам, мекунам ва оянда ҳам хоҳам кард, ки мардуми мо ба фардояш умед дошта бошад", - гуфт вай. Назарбоев афзуд, натиҷаи ҳамаи раъйдиҳиҳо нишон медиҳанд, ки вай аз пуштибонии мардум бархӯрдор аст.

XS
SM
MD
LG