Ссылки доступа

Сафорати ИМА дар Туркия баъди хатарҳои амниятӣ баста шуд


Сафорати ИМА дар шаҳри Анқараи Туркия дар робита ба хатарҳои амниятӣ имрӯз баста мешавад. Кормандони сафорат танҳо дар ҳолатҳои изтирорӣ хизмат мерасонанд. Аммо сафорат хабар намедиҳад, ки кадом навъи хатарҳоро дар назар дорад.

Ба ҷуз ин, кормандони сафорати ИМА аз шаҳрвандони Амрико, ки дар Туркия ҳузур доранд, даъват кард, дар маконҳои ҷамъиятӣ ҳозир нашаванд. Дар бораи дубора фаъол шудани сафорати ИМА иловатан хабар дода хоҳад шуд.

18 январи соли ҷорӣ сафорати Амрико дар Кобули Афғонистон аз таҳдиди ҷангҷӯён ба меҳмонхонаҳои пойтахти Афғонистон огоҳӣ нашр кард. Баъд аз ду рӯзи он огоҳӣ ҷангҷӯён ба бинои меҳмонхонаи "Интерконтинентал"-и Кобул ҳамла карданд. Дар натиҷа 22 одам, аз ҷумла 14 хориҷӣ кушта шуд. Миёни кушташудаҳо 4 шаҳрванди Амрико низ буд.

XS
SM
MD
LG