Ссылки доступа

Падари Бузургмеҳр Ёров ба хок супурда шуд


Рӯзи 5-уми март дар деҳаи ба номи Калинини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маросими дафни нависанда Равшани Ёрмуҳаммад баргузор шуд. Равшани Ёрмуҳаммад - падари Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои зиндонӣ дар 76-солагӣ дар Душанбе даргузашт.

Хосият Ёрова – хоҳари Бузургмеҳр Ёров – гуфт, падараш рӯзи 4-уми март дар хонаашон, аммо дур аз фарзандон, ҷон додааст.

"Одам ҳамин қадар фарзанд дорад, аммо дур аз онҳо, дар дасти ҳамсояҳо ҷон дод. Хонаамон дар наздикии СИЗО-и пойтахт ҷойгир аст, дар ҳамонҷо даргузашт. Як рӯз қабл занг зада буд ва фақат оромии моро мехост. Чизеро пай бурда буд", - гуфт ӯ.

Хосият Ёрова афзуд, ҷасади падарашро барои дафн аз Душанбе ба ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ, ҷое, ки дар онҷо бузург шудааст, интиқол додаанд: "Дар Душанбе дигар кӣ дорем? Ҳамаи наздикон, хешу ақрабо дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ ҳастанд. Барои ҳамин, бурданд, то дар онҷо дафн кунанд".

Бузургмеҳр Ёров, писари бузурги хонаводаи Равшани Ёрмуҳаммад аз соли 2015 боз дар ҳабс аст. Ҷамшед Ёров ва хоҳараш Хосият Ёрова низ ба далели таъқиб ва фишор тақрибан ду сол пеш кишварро тарк карда, дар хориҷа қарор доранд.

Хосият Ёрова гуфт, ки падараш аз ҳеч беморӣ ранҷ намебурд, аммо солҳои охир қазияи Бузургмеҳр ва ба дунбол ҷудоӣ аз фарзандони дигар ӯро "аз пой афтонд".

Худи Равшани Ёрмуҳаммад моҳи декабри соли 2016 гуфта буд, ки аз замони боздошти писараш Бузургмеҳр Ёров дар хонае ба танҳоӣ зиндагӣ дорад ва саҳифаҳои охирини романи "Маҳмуди Ғазнавӣ"-ро менависад. Ӯ гуфта буд, дар тасвираш шоҳ Маҳмуд як ҷоҳталабу хунхор аст, аммо нагуфт, ба чӣ сабаб ба ин мавзӯъ рӯ овард.

Равшани Ёрмуҳаммад муаллифи китобҳои “Шоҳбузи сафед”, “Қиссаи шаҳри беҷон ё Саргузашти духтари бофанда”, “Гӯркоб”, “Қиссаҳои “Буду набуд”, “Асҳоби Каҳф. Рӯҳ”, “Достони Қорун. Данонир”, романи Бармакиён”, қиссаҳои “Тӯфони Нӯҳ” ва “Хоб ва бедорӣ” аст.

XS
SM
MD
LG