Ссылки доступа

Кормандони ҳолатҳои фавқулодаи Бишкек маоши баландтар талаб доранд


Беш аз 50 корманди Идораи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Бишкек бо талаби баланд бардоштани ҳаҷми маошашон даст ба тазоҳурот заданд.

Як корманди Хадамоти зидди сӯхтори Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Бишкек гуфт, се моҳ мешавад, барои зиёновар будани шароити кориашон маблағи иловагӣ намегиранд.

Ин хабарро сухангӯи Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон Элмира Шарипова низ тасдиқ кард. Вале гуфт, кормандони онҳо тазоҳурот накардаанд, танҳо барои гирифтани маълумот ба назди раҳбарият рафта буданд.

"Онҳоро вазири ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон Кубатбек Боронов ба ҳузур пазируфт ва масъалаи қатъ шудани пардохти маблағи иловагиро шарҳ дод. Вазир гуфт, он хилофи қонунгузории кишвар аст ва ҳамчунин дастур дод, ки талаби кормандон омӯхта шавад", - афзуд Шарипова.

Ба огаҳии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон, кормандони ин ниҳод вобаста ба мақоми худ беш аз 8 ҳазор сом маош мегиранд ва ба ҷуз ин, маблағи иловагии гуногун ҳам ба онҳо дода мешавад.

XS
SM
MD
LG