Ссылки доступа

Муовини вазири энергетикаи Қазоқистон 2 моҳ ҳабс шуд


Додгоҳи шаҳри Остонаи Қазоқистон муовини вазири энергетикаи ин кишвар Ғанӣ Садибековро бо гумони даст доштан дар фасодкорӣ 2 моҳ ҳабс кард.

Садибеков гӯиё дар ҳамдастӣ бо як ширкати маҳаллии пудратчӣ ҳудуди миллиард тангаеро аз худ кардааст, ки аз буҷаи давлат барои тоза кардани кӯли истироҳатгоҳи Шучинск ҷудо шуда буд.

Оҷонсии зиддифасоди Қазоқистон ҳафтаи гузашта хабар дод, сардори Департаменти идораи партовҳои Вазорати энергетикаи ин кишвар Жан Нурбековро бо гумони азхудкунии маблағ дастгир кардааст. Ба огаҳии оҷонсӣ, додгоҳ 3 март Нурбековро ҳам 2 моҳ ба ҳабс гирифт.

Дар робита ба азхудкунии эҳтимолии маблағҳои мазкур раҳбари ширкати пудратчии "Аймак" Д. Дунабек ҳам боздошт шуд. Ҳамчунин бо қарори додгоҳ ду намояндаи ширкат Серикбой Жумалинов ва Бекзод Кадирберлин ҳам дастгир гаштанд.

XS
SM
MD
LG