Ссылки доступа

Мушовири Путин: Русия ба қатъ шудани интернети ҷаҳонӣ омодааст


Русия аз лиҳози техникӣ ба қатъ шудани интернети ҷаҳонӣ омодааст. Ин нуктаро мушовири президенти Русия оид ба рушди интернет Герман Клименко дар суҳбат бо НТВ баён дошт.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир, аллакай сегменти русии шабакаи интернет, ки бо дастури президенти Русия Владимир Путин барои мансабдорон сохта шудааст, фаъолият дорад.

​Клименко афзуд, тамоми ҷаҳон ҳоло роҳи ба танзим даровардани интернетро пеш гирифтаанд ва Русия дар ин бобат истисно нест. Вале ба гуфтаи ӯ, Русия аз гузинаҳои ғайриоддии ба монанди Куриёи Шимолӣ ва Куба кор нахоҳад гирифт.

Бо дастури Путин лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонуни Русия дар бораи алоқа таҳия шуд, ки ба давлат иҷозат медиҳад, зерсохторҳои Рунетро таҳти назорат қарор диҳад. Вале вазорати молияи Русия моҳи октябри соли гузашта ба далели набудани маълумот дар бораи хароҷоти иҷрои тарҳ ба лоиҳа баҳои манфӣ дод.

Бар пояи тарҳи барномаи "Иқтисоди рақамӣ" то соли 2024 бояд 95% трафикҳо ба воситаи шабакаи русӣ гузаранд. Саҳми таҷҳизоти хориҷӣ бояд дар ниҳодҳои давлатии Русия то 50% ва таъмини барномаҳо то ба 10% коҳиш дода шавад. Ба ҷуз ин, соли 2018 бояд низоме ба кор дароварда шавад, ки "устуворӣ ва амният"-и Рунетро таъмин хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG