Ссылки доступа

Баҳси додгоҳии рӯзноманигори ӯзбек Бобомурод Абдуллоев фардо шуруъ мешавад


Муҳокимаи додгоҳии парвандаи рӯзноманигори ӯзбек Бобомурод Абдуллоев, блогнавис Ҳаётхон Насриддинов, инчунин соҳибкорони маҳаллӣ Равшан Салаев ва Шавкат Оллоёров фардо - 7 март баргузор мешавад. Қарор буд, муҳокимаи парвандаи мазкур 5 март баргузор шавад, аммо бо сабабҳои норушан онро ба таъхир гузоштанд.

Назди бинои додгоҳ рӯзи 5 март вакилони дифоъ, ҳомиёни ҳуқуқ, рӯзноманигорону фаъолон ҷамъ шуда, нияти ширкат дар муҳокимаи додгоҳии парвандаи Бобомурод Абдуллоевро доштанд.

Бобомурод Абдуллоев, Ҳаётхон Насриддинов ва соҳибкорон Равшан Салаеву Шавкат Оллоёров дар "Барҳам задани сохти конститутсионӣ"-и Ӯзбекистон айбдор мешаванд.

Бобомурод Абдуллоеви 44-сола 27 сентябри соли 2017 дар Тошканд боздошт ва зиддаш бо банди "кӯшиши ғасби ҳукумат ва сарнагун кардани сохти конститутсионии давлат" парванда оғоз шуд.

Абдуллоев ба он айбдор мешавад, ки бо номи мустаори "сиёсатшинос Усмон Ҳақназаров" дар Интернет матлабҳои танқидӣ навиштааст. Мақомот мегӯянд, "Абдуллоев ба ҳайси фаъоли "Ҳаракти мардумии Ӯзбекистон" бо дастури роҳбари ҳаракат Муҳаммад Солеҳ аз соли 2011 ба ин сӯ бо ҳадафи сарнагунии сохти конститутсионии Ӯзбекистон мақола таҳия мекард".

XS
SM
MD
LG