Ссылки доступа

Мақомоти Ӯзбекистон мудири пешини сирки шаҳри Тошкандро меҷӯянд


Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон мудири пешини сирки шаҳри Тошканд Баҳром Маҷидовро меҷӯяд. Маҷидови 63-сола дар "дуздӣ" айбдор мешавад.

То ғайб заданаш Маҷидов бо гумони дуздии амвлои сирк бозпурсӣ шуда буд. Яке аз кормандони сирк гуфт, Маҷидов дар дуздии 1 миллиард сӯми ӯзбекӣ гумонбар аст. "Маҷидов фирор кард. Вай сиркро ба ҳолати душвортарин оварда расонд. Ҳоло мудири дигар таъйин шудааст, ки мушкилиҳоро рафъ месозад", - гуфт як корманди сирки Тошканд.

Як корманди дигари сирк афзуд, дар даврони мудирии Маҷидов ба ҳайвонҳо на гӯшти гов, балки гӯшти хар медоданд.

"Як паланг дар як шабонарӯз 6-7 кило гӯшт мехӯрад. Дар даврони Маҷидов ба ҳайвонҳо на гӯшти гов, балки гӯшти хар медоданд. Гӯшти хар дар бозор нисбати гӯшти гов се баробар арзон аст. Ба ҷуз аз ин тақаллубкорӣ, Маҷидов ҳунармандони сиркро барои таҷрибаомӯзӣ ба хориҷ мефиристод, аммо маблағҳои барои онҳо ҷудошударо намедод", - гуфт ҳамкори пешини Маҷидов.

XS
SM
MD
LG