Ссылки доступа

Дар Душанбе боғеро ба номи Алишер Навоӣ гузоштанд


Дар остонаи сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, як боғ дар шаҳри Душанбе ба номи асосгузори адабиёти классикии ӯзбек Низомиддин Алишер Навоӣ гузошта шуд. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ҳадаф аз ин номгузориро "рамзи дӯстии халқҳои Тоҷикистон ва Узбекистон" унвон кардааст.

Дар амри раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 5-уми март имзо шуд, омадааст, ки боғи "50-солагии ҷавонон" воқеъ дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе ба "Низомиддин Алишер Навоӣ" номгузорӣ шавад.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамзамон ба шаҳрдории Душанбе дастур додааст, ки барои таҳияи лоиҳаи муҷассамаҳои мутаффакирони бузург Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ озмун эълон намояд.

Ин дар ҳолест, ки як қисми бузурги бозаргонон ва тоҷирони Ӯзбекистон барои иштирок дар Намоишгоҳи молу маҳсулоти он кишвар ба Душанбе расиданд. Ин намоишгоҳ дар ҷараёни сафари Мирзиёев ба Душанбе, ки қарор аст, 9 март сурат бигирад, баргузор хоҳад шуд.

Фаррух Маҳмадқулов, як тоҷири ӯзбекистонӣ ва намояндаи ширкати "Мараканд фуд продукт" гуфт, дар ин намоишгоҳ 400 намояндаи ширкатҳои гуногуни истеҳсолии Ӯзбекистон ширкат хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG