Ссылки доступа

Мақомоти Қазоқистон ҷангҷӯёни аз Сурия баргаштаро зиндонӣ карданд


Муовини раиси Кумитаи миллии амнияти Қазоқистон (КМА) хабар дод, ки бештар аз 120 ҷангҷӯи эҳтимолӣ ва аъзои хонаводаи онҳо аз Сурия ба ватан баргаштанд. Ба гуфтаи Билисбеков, муовини раиси КМА даҳҳо тан аз ин баргаштаҳо зиндонӣ шуданд.

"Тавре медонед, созмонҳои байналхалқии террористӣ дар Сурияву Ироқ шикаст хӯрданд. Баргашти ҷангҷӯён ва аъзои хонаводаи онҳо мушоҳида мешавад", - гуфт Билисбеков.

"Барои мисол, дар ҳоли ҳозир 125 шаҳрванди Қазоқистон баргаштааст, ки аз ин шумор 57 танашон зиндонӣ шуданд. Боқимондаҳо таҳти назорати мақомот ҳастанд", - афзуд Билисбеков.

Вай гуфт, дар оянда бояд дар кишвараш "низоми пешгирӣ аз терроризм ва тундгароӣ" таъсис дода шавад.

XS
SM
MD
LG