Ссылки доступа

Дар Туркманистон камёфт шудани орд бетартибиҳоро ба бор овард


Расонаҳо менависанд, дар вилояти Марии Туркманистон ҳафтаи ҷорӣ камёфт шудани орд бетартибиҳоро ба бор овард. Дар яке аз ноҳияҳои вилояти мазкур занҳо роҳи мошингардро банд ва дар ноҳияи дигар ба мағоза ҳамла карданд.

Ба навиштаи бахши туркмании Радиои Озодӣ, дар яке аз деҳаҳо мудири мағоза фурӯши ордро қатъ мекунад. Сокинони ба хашм омада, ба мағоза ҳамла ва орди дохили онро байни ҳам тақсим мекунанд.

Давка в очереди за отрубями в Дашогузе
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:00:48 0:00

Аҳолии Туркманистон сар аз моҳи декабри соли гузашта бо камбуди орд ва болоравии нархи ин маҳсулот рӯ ба рӯ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG