Ссылки доступа

Духтари хурдии Ислом Каримов аз Федератсияи гимнастикаи Ӯзбекистон канор рафт


Духтари хурдии президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов - Лола Каримова-Тиллоева хабар дод, ки 5 март аз мақоми президентии Федератсияи гимнастикаи Ӯзбекистон истеъфо дод.

"... Баъди 13 соли роҳбарӣ ман маҷбуран ин мақомро тарк мекунам. Ман аз самими қалб ҳамаи варзишкорон, тамоми мураббиёни Федератсия ва ҳамаи кормандони ин ниҳодро барои фаъолияти пурсамарашон сипос мегӯям", - навишт Лола Каримова дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Ба ҷуз ин вай, хабар дод, ки ба ҳайси президенти ифтихории Иттиҳоди гимнастикаи осиёӣ боқӣ хоҳад монд. Духтари хурдии Ислом Каримов шарҳ намедиҳад, ки чаро мақоми худро дар Федератсияи гимнастика тарк кардааст.

Ин дар ҳолест, ки Лола Каримова-Тиллоева 2 феврал дар бораи аз мақоми сафирии Ӯзбекистон дар ЮНЕСКО канор рафтанаш хабар дода буд.

XS
SM
MD
LG