Ссылки доступа

Ӯзбекистон чӯпони тоҷики маҳкум ба 17 соли зиндонро афв кард


Сулаймон Бӯриев, сокини шаҳри Панҷакент, ки бо ҷурми марзшиканӣ дар Ӯзбекистон 17 сол зиндонӣ шуда буд, бо пайвандонаш тамос гирифта, гуфт, ӯро афв кардаанд ва рӯзҳои ҷашни Наврӯз ба зодгоҳаш бармегардад.

Бӯриев тобистони соли 2013 ҳангоми подабонӣ аз тарафи марзбонҳои Ӯзбекистон боздошт ва сипас ба 17 соли зиндон маҳкум шуд. Мақомоти Тошканд дертар хабар доданд, ки даҳ соли ҳукми ӯро кам кардаанд.

Норчучук Эшмуродова, модари Сулаймон Бӯриев 6 март гуфт, то ин дам писараш се бор занг задааст. "Шаби гузашта ҳам тамос гирифт. Гуфт, ки ӯро як ҳафта пеш аз зиндони Қизилтеппаи шаҳри Навоӣ ба маҳбаси сукунатӣ бурдаанд. Феълан дар корхонаи шишабарории Тошканд кор мекардааст", - афзуд Эшмуродова.

Мардон Бӯриев, падари Сулаймон мегӯяд, то анҷоми ҳукми ҷазои писараш се соли дигар монда буд, вале мақомоти ӯзбек гуфтаанд, ки вайро пеш аз муҳлат раҳо хоҳанд кард.

Тобистони соли 2013 марзбонҳои ӯзбек панҷ сокини шаҳри Панҷакентро ҳангоми подабонӣ ва алафдаравӣ дар марз дастгир ва ба марзшиканӣ айбдор карданд. Дертар дар фосилаҳои мухталифи замонӣ Манучеҳри 12-сола, Мардон Бӯриев, Исрофил Билолов ва Шоҳрух Қосимов раҳо шуданд ва танҳо Сулаймон Бӯриев зиндонӣ гашт.

XS
SM
MD
LG