Ссылки доступа

Як ҳавопаймои Русия бо 39 мусофир дар Сурия суқут кард


Вазорати дифои Русия мегӯяд, дар дохили ҳавопаймои Ан-26, ки дар Сурия суқут кард, 39 мусофир ҳузур доштанд.

Дар ҳоли ҳозир, ному насаби ҳалокшудаҳо гуфта намешавад. Ба иттилои шабакаи Mash, ҳавопаймои Ан-26 ба нирӯҳои ҳавоии Русия тааллуқ дошта, аз шаҳри Ҳалаб ба Хмеймим парвоз мекард.

"Дар дохили ҳавопаймои Ан-26, ки ҳангоми нишастан дар фурудгоҳи Хмеймим дучори садама шуд, 33 мусофир ва 6 узви экипаж ҳузур доштанд", - гуфтанд дар Вазорати дифои Русия.

Масъулони вазорат мегӯянд, ҳамаи мусофирони ҳавопаймо хидматчиёни ҳарбии Русия буданд. Пештар хабар доданд, ки Кумитаи тафтишотии Русия дар робита ба суқути ҳавопаймои Ан-26 парванда боз кардааст.

Ибтидои моҳи феврали соли равон дар шаҳри Идлиби Сурия як ҳавопаймои Су-25-и Русияро сарнагун сохтанд. Халабони он Роман Филипов дар натиҷаи задухурдҳои мусаллаҳона дар замин ҷон бохт.

XS
SM
MD
LG