Ссылки доступа

Ҳавопаймои ширкати "Ӯзбекистон хаво йулларӣ" баъди чанд лаҳзаи парвоз ба замин нишаст


Ҳавопаймои "Боинг-757", ки ба ширкати "Ӯзбекистон хаво йулларӣ" тааллуқ дорад, мебоист аз Тошканд ба Навоӣ парвоз кунад, вале баъди чанд лаҳзаи парвоз дубора ба замин нишаст. Мусофирон аз сафар маҳрум шуданд, вале арзиши билетҳояшон ҷуброн нашуд.

Дар ин бора яке аз мусофирон ба расонаҳо хабар дод. Ба гуфтаи вай, 4 март ҳавопаймои "Боинг-757" бо мусофирон аз фурудгоҳи Тошканд парвоз, вале баъди чанде дубора ба замин нишаст.

"Ба мусофирон ҷубронпулӣ пардохт нашуд. Зеро барои парвозҳои дохилӣ ҷуброн пешбинӣ нашудааст", - мегӯяд мусофир.

Аммо мақомоти Ӯзбекистон аз ин ҳодиса хабар намедиҳанд.

XS
SM
MD
LG