Ссылки доступа

Туркманистон боҷи гумрукии баъзе аз маҳсулотро бекор мекунад


Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 2 март бо имзои як қарор воридкунандагони баъзе аз маҳсулотро аз пардохти боҷи гумрукӣ озод кард.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, ин иқдом дар доираи барномаи дастгирии давлатии истеҳсолкунандагони маҳсулоти воридотиву содиротӣ гирифта шудааст.

Ҳамчунин 9 март масъалаи таъсиси маҷмааҳои мурғпарварие ба миён гузошта шудааст, ки тавонанд бозори дохилии Туркманистонро бо гӯшту тухми ватанӣ таъмин кунанд.

Миёнаҳои моҳи декабри соли гузашта нархи тухми мурғ дар бозорҳои Туркманистон 80-100% боло рафта буд.

Ибтидои моҳи март расонаҳо хабар доданд, ки дар баъзе аз ноҳияҳои шимолии Туркманистон парандаҳо аз вируси номаълум ба ҳалокат мерасанд.

XS
SM
MD
LG