Ссылки доступа

Тафтиши марги узви пешини ҲНИТ муҳри махфӣ гирифт


Парвандаи марги Комил Хоҷаназаров, як сокини ноҳияи Ашт, ки соли гузашта пас аз боздошту раҳоӣ аз тарафи маъмурони милисаи вилояти Суғд худкушӣ карда буд, муҳри махфӣ гирифтааст.

Манобеи корҳои дохилии Суғд мегӯянд, ҳоло тафтиши қазия ҷараён дорад. Ба қавли як манбаъ дар Раёсати корҳои дохилии минтақа, ду корманди ин ниҳод "таҳти шубҳа ҳастанд" ва "мавриди бозпурсӣ қарор гирифтанд".

​Мурод Хоҷаназаров, падари Комил Хоҷаназаров, рӯзи 6-уми март гуфт, ки бо сабаби муҳри махфӣ гирифтани парванда ҳақ надорад дар бораи ҷараёни тафтишот маълумоти бештар диҳад. Аммо гуфт, ташхиси ҷасад нишон дод, ки фарзандаш шиканҷа шудааст.

Хоҷаназаров, ки дар Додгоҳи ноҳияи Ашт кор мекунад, гуфт, дар парвандаи марги писараш вакили дифоъ нагирифтанд ва дар сурати зарурат худаш ба ҳайси ҳуқуқдон баромад хоҳад кард. Вай гуфт, хабар надорад, ки оё дар робита ба ин ҳодиса касе боздошт шудааст, ё не.

​"Ҳар падаре, ки писарашро гум мекунад, чӣ эҳсос дорад? Фарзандро калон мекунӣ, аммо кор як рӯз ба ин шакл тамом мешавад. Азият мекашед. Парванда муҳри махфӣ дорад барои ҳамин бо шумо дар ин бора суҳбат карда наметавонам", - афзуд ӯ.

Комил Хоҷаназарови 31-сола тобистони соли гузашта ҳамроҳ бо 15 узви пешини ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ боздошт шуда, баъди чанде озод гардид. Аммо 28-уми август, як рӯз пеш аз онки ба бозпурсии дубора ба Хуҷанд биравад, даст ба худкушӣ зад.

Вай дар як навори пеш аз худкушиаш нақл кард, ки замони дар боздошт будан шиканҷа шуд ва маъмурони пулис танҳо дар сурати гирифтани маблағ раҳояш карданд. Инчунин, ба нақли ӯ, маъмурони пулис баёноташро, ки соли 2014, яъне дар замони фаъолияти қонунии ҲНИТ ба сафи ин ҳизб даъват шуда буд, бо зӯр ба соли 2016, яъне пас аз як соли баста будани ин ҳизб иваз кардаанд.

XS
SM
MD
LG