Ссылки доступа

Намояндагони Отамбоев талош доранд, амволи вакилони дифои Текебоевро фурӯшанд


Намояндагони президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев талош доранд, ки амволи вакилони дифои раиси зиндонии ҳизби мухолифи "Ота Макон" Омурбек Текебоевро ба фурӯш гузоранд.

Канатбек Азиз, ҳуқуқшиноси раиси ҳизби "Ота Макон" мегӯяд, намояндагони Отамбоев аз додгоҳ хостаанд, ки манзили Таалайгул Токтакунова - яке аз дигар ҳуқуқшиносонро ба фурӯш гузорад. "Ман ҳеч амволе надорам, ба ҳамин хотир аз ман чизе рӯёнида наметавонанд. Болои ин ману Токтакунова аз моҳи декабр ба ин тараф маош намегирем. Додгоҳи ноҳияи Октябри шаҳри Бишкек суратҳисобҳои моро бастааст, аз ин хотир ба мо маош намедиҳанд. Мо то охирин лаҳза интизор будем, ки Отамбоев фикрашро иваз мекунад", - гуфт Азиз.

Моҳи марти соли 2017 ҳуқуқшиносон Таалайгул Токтакунова ва Канатбек Азиз дар як нишасти хабарӣ изҳор дошта буданд, ки маҳсулоти дохили ҳавопаймои суқуткардаи "Боинг 747" ба президенти вақти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев тааллуқ дорад. Ҳавопаймои "Боинг 747" дар наздикии шаҳри Бишкек суқут карда буд.

Баъдтар додситони кулли Қирғизистон "бо ҳадафи ҳифзи шаъну шарафи роҳбари давлат" зидди ҳуқуқшиносон ба додгоҳ шикоят бурд. Додгоҳ даъвои додситониро қонеъ ва ҳуқуқшиносонро 10 миллион сомӣ ҷарима кард. Ба ҷуз ин, додгоҳ аз вакилони дифоъ хост, ки иттилои пешинашонро рад кунанд.

Ҳуқуқшиносон бо қарори додгоҳ розӣ нестанд.

XS
SM
MD
LG