Ссылки доступа

Ӯзбекистон писари Рашид Қодировро таҳти пайгард қарор дод


Вазорати умури дохилии Ӯзбекистон 5 март Алишер Қодиров, писари 39-солаи Рашид Қодиров, додситони кулли пешини ин кишварро таҳти пайгарди қонунӣ қарор дод. Худи Рашидов ба ҳабс гирифта шудааст.

Қодирови хурдӣ дар "Тамаъҷӯӣ" ва "Тақаллубкорӣ" айбдор мешавад.

ВКД Ӯзбекистон 6 март хабар дод, ки Алишер Қодиров тахминан як рӯз пеш аз боздошти падараш ба Москва фирор кардааст. Қодирови калонӣ 22 феврали соли равон дастгир шуда буд.

Ба гуфтаи як манбаъ дар ВКД Ӯзбекистон, муфаттишоне, ки парвандаи Рашид Қодировро таҳқиқ доранд, дар ҳоли ҳозир, ҳамроҳи писари ӯ бо паёмакрасони WhatsApp гуфтугӯ мекунанд.

Ба гуфтаи манобеи огаҳ, Алишер Қодиров дар натиҷаи гуфтугӯҳои ахир ба воситаи "Инфинбонк" аз 500 миллион долларе, ки падараш гӯиё аз соҳибкорони маҳаллӣ ҳамчун "туҳфа" гирифта буд, 20 миллионашро бозпас гардондааст.

"Алишер дар Москва аст ва талош дорад, раводиди шенгенро дарёфт кунад. Ӯ мехоҳад, ба Бритониё рафта, ҳаққи паноҳандагӣ дарёфт кунад", - гуфт яке аз соҳибкорони ӯзбек ба шарти ифшо нашудани номаш.

XS
SM
MD
LG