Ссылки доступа

Марги мармузи Бахтиёр Додохонов бо хонаводааш дар Саудӣ


Бахтиёр Додохонов, соҳибкори тоҷик, бо се узви оилааш дар шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ ба ҳалокат расидааст. Хабари марги Додохонови 35-сола, ҳамсараш Гулнора Додохонова (33-сола), писаронаш Некрӯз (8-сола) ва Беҳрӯз (12-сола) рӯзи 6-уми март ба наздиконаш расонда шуд.

Аъзои хонаводаи Додохоновҳо мегӯянд, ки ҳодиса рӯзи 5-уми март рух додааст.

Рӯзи 7-уми март манзили Манзурхон Додохонов, раиси пешини идораи "Шарқи Озод" ва падари Бахтиёр Додохонов, ба худ мотам гирифта буд. Аз дирӯз ба ин тараф наздикону дӯстони ин хонавода ба манзили ӯ дар яке аз маҳаллаҳои Душанбе барои тасаллият меоянд.

Ба қавли наздикон, Бахтиёр Додохонов дар Тоҷикистон ба тиҷорат машғул буд. Як манбаъ гуфт, Бахтиёр Додохонов дар Арабистони Саудӣ ҳам шарикони тиҷоратӣ дошт ва дар солҳои мухталиф бо фурӯши атриёт ва телефонҳои мобилӣ машғул буд.

Сабаби мусофирати охири онҳо ба Арабистони Саудӣ адои Ҳаҷҷи Умра будааст ва, ба қавли яке аз наздиконаш, онҳо тақрибан даҳ рӯз пеш ба он кишвар парвоз карда, билети баргаштро ҳам доштанд. Наздикони Манзур Додохонов аз қавли ӯ мегӯянд, бори охир рӯзи душанбеи 5-уми март бо писар ва набераҳояш телефонӣ сӯҳбат дошт ва онҳо гуфтаанд, барои рӯзи дигар, яъне 6-уми март тариқи Алмаато билети бозгашт доранд.

XS
SM
MD
LG