Ссылки доступа

ИМА зидди Куриёи Шимолӣ таҳримҳои нав ҷорӣ кард


ИМА дар робита ба куштори бародари роҳбари Куриёи Шимолӣ Ким Чен Нам зидди ин кишвар таҳримҳои нав ҷорӣ кард. Дар ин бора хабаргузориҳо бо такя ба Департаменти давлатии ИМА иттилоъ медиҳанд.

Тасмими ҷори кардани таҳримҳои нав ҳанӯз 22 феврал қабул шуда буд. Аммо то кунун дақиқ нест, ки ин таҳримҳо аз чӣ иборат ҳастанд.

Хизер Нойерт, намояндаи Департаменти давлатии ИМА гуфт, Вашингтон ба хулоса омад, ки мақомоти Куриёи Шимолӣ дар куштори Ким Чен Нам даст доранд. Барои анҷоми ин ҷиноят онҳо маҳлули кимиёвии заҳролуди VX-ро истифода бурдаанд. "ИМА истифодаи силоҳи кимиёвиро барои содир кардани кушторҳо маҳкум мекунад. Ин беэҳтиромии ошкоро ба меъёрҳои байналхалқӣ аст ва бори дигар бехирадии мақомоти Куриёи Шимолиро ба намоиш мегузорад", - навишт Нойерт дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Ким Чен Нам 14 феврали соли гузашта дар фурудгоҳи Куала-Лумпур заҳролуд карда шуд. Он замон рӯймолчаи заҳролудро ба рӯи ӯ ҳаво доданд. Ким Чен Нам писари калонии роҳбари пешини Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ир буд. Солҳои охир вай асосан дар хориҷ зиндагӣ ва аз ҳукумати бародараш интиқод мекард.

XS
SM
MD
LG