Ссылки доступа

Суду зиёни афзоиши истеҳсоли семент дар Тоҷикистон (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 8-уми марти 2018 (HD)

- Генерали амрикоӣ: "Тоҷикистон шарики калидии ИМА дар минтақа аст". (видео)

- Барои он дар бозорам, ки бачаам азоб накашад. Дар Тоҷикистон рӯзи 8-уми мартро маҳз ба хотири занон рӯзи истироҳат эълон кардаанд, то дар хона бошанду дам бигиранд. Аммо дар ин рӯз ҳам занони зиёдеро дар бозорҳои Тоҷикистон мебинед, ки аз субҳи содиқ кор мекунанд. Амриддини Олим бо ду нафари онҳо сӯҳбат кард. (видео)

- Набераҳоям ҳама дар он тарафи марзанд. Мақомоти Тоҷикистону Ӯзбекистон гузаргоҳи марзии "Гулбаҳор" дар ноҳияи Шаҳритусро ифтитоҳ карданд. Ин гузаргоҳ, ки рӯзи 7-уми март мавриди истифода қарор гирифт, вилояти Хатлони Тоҷикистонро бо Сурхондарёи Узбакистон мепайвандад. (видео)

- Суду зиёни афзоиши истеҳсоли семент дар Тоҷикистон. Дар ҳоле, ки саноатҳои азими ҷаҳон тадриҷан аз истифодаи ангишт даст мекашанду ба навъҳои модерну камзиёни васоили энержӣ рӯ меоранд, дар Тоҷикистон баръакс тамоюл ба бозгашт аст. (видео)

- Торти гулдӯзиро дидаед? Агар не инҷо бубинед. Як рӯз пеш аз таҷлили рӯзи модар дар шаҳри Душанбе, ҷашнворае баргузор шуд, ки ширкатдоронаш ҳам занону модарон буданд. Дар ҷашнвораи ҷумҳуриявии кулчақанд ва нон ки рӯзи 7-уми март сурат гирифт, даҳҳо нафар кадбону аз тамоми гӯшаҳои кишвар ҷамъ омаданд. Ҳамкорони мо ҳам ба ин ҷашнвора рафтанд. (видео)

- Дилрабо ҳамроҳ бо модарони сарбозон мегиряд. Дилрабо Самадова, ҳомии ҳуқуқи сарбозони тоҷик дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ дар бораи зиндагиаш ва ҳимоят аз ҳуқуқи сарбозон дар Тоҷикистон сӯҳбат кард. (видео)

- Мавзуна Чориева: "Муҳим ишқу хандаи шавҳар аст". Мавзуна Чориева, қаҳрамони олимпӣ аз Тоҷикистон мегӯяд, ҷавонони тоҷик бояд пеши худ ҳадаф бигузоранду барои он бикӯшанд. Дар бораи зиндагии хонаводагиаш ҳам бо Радиои Озодӣ сӯҳбат кард. (видео)

- Аввалин зани тоҷик, ки фаранҷиашро кашид, кӣ буд? Нахустин милисаи зан чӣ? Аввалин бор дар Душанбе осорхонаи “Бонувони барҷастаи Тоҷикистон” дари худро ба рӯи сокинон боз кард. Осорхонаи нав дар бинои музейи мардумшиносии пойтахт ҷойгир буда, ба нақши занони тоҷик дар таърих, саҳми онҳо дар маорифу фарҳанг, пешрафти иҷтимоиву сиёсии қарнҳои 17-20 бахшида шудааст. (видео)

- Дӯст намедошт, ки баромада рафт. Дар остонаи Рӯзи модар дар Тоҷикистон, ки ҳар сол рӯзи 8-уми март таҷлил мешавад, хабарнигори Радиои Озодӣ аз чанд зан пурсид, ки оё шавҳарашон ба онҳо муҳаббати худро нишон медиҳад ва мегӯяд, ки дӯсташ медорад? Видеоро бубинеду назаратонро нависед. (видео)

- Дар балкон либос наовезед, 1000 сомонӣ ҷарима мешавад. Дар шаҳри Душанбе мақомот аз сокинон хостаанд, дигар дар айвону кӯчаҳо либос наовезанд, зеро ҷарима мешаванд. Гурӯҳҳои махсус дар пойтахт мегарданд ва назорат мекунанд, ки либос дар айвону пеши биноҳо овезон набошад. (видео)

- Фавти як оилаи тоҷик дар Арабистони Саудӣ. Бахтиёр Додохонов, соҳибкори тоҷик, бо се узви оилааш дар шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ ба ҳалокат расидааст. Хабари марги Додохонови 35-сола, ҳамсараш Гулнора Додохонова (33-сола), писаронаш Некрӯз (8-сола) ва Беҳрӯз (12-сола) рӯзи 6-уми март ба наздиконаш расонда шуд. (видео)

- Барои модар 100 сомонӣ кам аст, барои писандида... Дар остонаи рӯзи модар, хабарнигори Радиои Озодӣ аз раҳгузарон дар Душанбе пурсид, ки дар рӯзи 8-уми март ба азизони худ чӣ ҳадя мекунанд. Шумо ҳам бубинед ва бигӯед, ки чӣ ҳадя мекунед. (видео)

- Осиё: "рӯзи занона"-и 8 март. Роҳпаймоӣ ба ҳимоят аз ҳуқуқи занон, ошкорбаёнии сиёсатмадорон дар бораи занон ва баҳои беғаразонаи вазъи занон дар Осиёи Марказӣ. Дар Туркманистон ҳамаи кортҳои бонкиеро, ки беш аз $500 доранд, бастанд: мақомот бо ҳаннотони асъор ин гуна мубориза мебаранд (видео)

- "Роҳпаймоии занона" дар Бишкек: он чи гуна буд. (видеои Настоящее время)​

- Ҳаштуми март дар ягона зиндони занонаи Қирғизистон. (видеои Настоящее время)

- Қирғизистон дар симои занон. (нигористон)

- "Писарҳо мегуфтанд: ту бояд дар хона нишиниву фарзанд ба дунё биорӣ". Духтарони қирғиз моҳвора месозанд. (видеои Настоящее время)

- Паррондан ҳамчун касб. Чаро ҷаллоди пешин ҳанӯз ҳам ҳукми қатлро ҷонибдорӣ мекунад? (видеои Настоящее время)​

- Моҷарои озору азияти ҷинсии вакил Слутский ва вокуниши Володин. Се рӯзноманигор аз расонаҳои гуногуни Русия ошкоро намояндаи ҲЛДР Леонид Слутскийро ба озори ҷинсӣ айбдор карданд. Ҳатто якеашон навореро нашр кард, ки дар мулоқот бо сиёсатмадор сабт карда буд. (видео аз Директ)

- "Вагнер – гӯшткӯбак". Рӯзноманигор таҳқиқ кард, ки ширкат дар Сурия чи гуна фаъолият мекунад. (видеои Настоящее время)

- Миллионерҳои асосӣ: духтари Назарбоеву шавҳараш дар ҷои аввал. (видео аз Директ)

- Чи гуна Путин 18 сол пеш сари қудрат омад. Филмсоз Манский ва наворҳои беҳамтои ӯ. (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG