Ссылки доступа

Ироқу Туркия гуфтанд, якҷоя зидди курдҳо хоҳанд ҷангид


Вазири умури хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу гуфт, Анқара ва Бағдод дар шимоли Ироқ зидди гуруҳҳои курд якҷоя мубориза мебаранд. Бино ба маълумоти пешакӣ, ин амалиёт баъд аз интихоботи порлумонии Ироқ, ки моҳи майи соли равон баргузор мешавад, оғоз хоҳад шуд.

Човушоғлу афзуд, ки амалиёти кишвараш зидди курдҳо дар Африни Сурия то моҳи май ба поён мерасад.

Артиши Туркия дар нимаи дувуми моҳи январ ба мавзеи гуруҳҳои курд дар Африн ҳамла кард. Дар пайи ин ҳамла фармондеҳии нирӯҳои Туркия эълом кард, ки амалиёти "Шохаи зайтун"-ро оғоз кардаанд.

Мақомоти Туркия Гуруҳҳои мардумии курдро ҳампаймони террористон номида, мехоҳанд, онҳоро аз назди марзҳои худ дур кунанд. Ин гуруҳҳо дар сафи нирӯҳои эътилофи ба раҳбарии ИМА зидди гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" меҷанганд.

XS
SM
MD
LG