Ссылки доступа

Додгоҳи Тошканд баррасии парвандаи рӯзноманигор Абдуллоевро оғоз кард


Додгоҳи шаҳри Тошканд баррасии парвандаи рӯзноманигор Бобомурод Абдуллоев, блогнавис Ҳаётхон Насриддинов, соҳибкорон Равшан Салаев ва Шавкат Оллоёровро оғоз кард, ки дар "Барҳам задани сохти конститутсионӣ"-и Ӯзбекистон айбдор мешаванд.

Ба гуфтаи рӯзноманигор аз Тошканд Малоҳат Эшонқулова, дар мурофиа ҳудуди 60 кас - наздикону пайвандони гумонбарон, ҳомиёни ҳуқуқ, намояндагони сафоратхонаҳои хориҷӣ ва расонаҳо ҳузур доштанд.

Сергей Майоров, вакили дифои Абдуллоев дар додгоҳ гуфт, шахси зери ҳимояи ӯ таҳти фишору шиканҷа айбро ба гардан гирифтааст ва аз додрас хост, ки онро бисанҷанд. Дар натиҷа додрас то муайян шудани натиҷаи санҷиш танаффус эълом кард.

Майоров 3 март, баъд аз мулоқот бо Абдуллоев гуфта буд, ки шахси зери ҳимояи ӯро аз 27 сентябр то 5 ноябри соли гузашта дар боздоштгоҳ сахт шиканҷа додаанд.

"Абдуллоевро таҳдид кардаанд, ки духтарашро таҷовуз карда, ҳамсарашро ҳам зиндонӣ мекунанд. Ӯро пас аз 5 ноябр, баъд аз он ки айбро ба гардан гирифт, дигар шиканҷа накарданд", - афзуд Майоров.

Абдуллоев 6 март дар вохӯрӣ бо Майоров гуфт, ӯро пеш аз ҳама барои он боздошт кардаанд, ки зидди Ихтиёр Абдуллоев - додситони кулли пешин, ки акнун раиси Хадамоти амнияти миллист ва вазири умури дохилии Ӯзбекистон Пулод Бобоҷонов иттилоъ ҷамъоварӣ кунанд. Ҳамчунин вайро маҷбур кардаанд, ки зидди раҳбари ҳизби мухолифи "Ҳаракати мардумии Ӯзбекистон" Муҳаммад Солеҳ баёнот диҳад.

Абдуллоев ба он айбдор мешавад, ки гӯиё ҳамчун фаъоли "Ҳаракати мардумии Ӯзбекистон" бо дастури роҳбари ҳаракат Муҳаммад Солеҳ аз соли 2011 ба ин сӯ бо ҳадафи сарнагун кардани сохти конститутсионии Ӯзбекистон мақола таҳия мекард.

XS
SM
MD
LG