Ссылки доступа

Пулиси Бишкек 64 "фоҳишаи интернетӣ"-ро шиносоӣ кард


Раёсати умури дохилии шаҳри Бишкеки Қирғизистон аз ибтидои соли равон 64 духтареро ба рӯйхат гирифтааст, ки ба воситаи Интернет хадамоти шаҳвонӣ мерасонданд.

Бино ба иттилои раёсат, духтарон дар назди веб-камераҳо худро ба корбарон бе либос намоиш медоданд.

Пулиси Бишкек мегӯяд, онҳо барои он ба қайд гирифта шуданд, ки ба гуруҳи афроди хатарзо шомил мешаванд.

Кодекси ҷиноии Қирғизистон ҷалб кардан ба танфурӯшӣ ва ташкили фоҳишахонаро ҷиноят мешуморад, вале барои расонидани хадамоти шаҳвонӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ накардааст.

XS
SM
MD
LG