Ссылки доступа

Мақомоти Қазоқистон фирори тоҷири зиндонӣ Токмадиро таҳқиқ мекунанд


Кумитаи амнияти миллии (КАМ) Қазоқистон хабар дод, Муродхон Токмадӣ - зиндонии фирорӣ баъди боздошт ба маҳбаси вилояти Ҷамбил фиристода шудааст.

КАМ-и Қазоқистон мегӯяд, таҳқиқ хоҳанд кард, ки Токмадӣ чӣ гуна аз зиндон фирор кардааст. Мақомот хабар доданд, ки бино бар иттилои пешакӣ, Токмадӣ шоми 8 март аз бинои бемористони вилоятии Тароз фирор кард. Токмадӣ дар куштори раиси пешини "Бонки ТуранАлем" Ержан Татишев дар соли 2004 айбдор мешавад. Мақомот мегӯянд, Ержан Татишев бо супориши Мухтор Аблязов - мухолифи қазоқ кушта шудааст.

Дар бораи фирори Токмадӣ расонаҳо шаби 8 март хабар доданд. Субҳи 9 март мақомот гуфтанд, ки зиндонии фирорӣ боздошт шуд.

Вай аз моҳи июни соли 2017 ба ин тараф дар боздошт аст. Токмадӣ дар ибтидо ба тамаъҷӯӣ айбдор мешуд, вале баъдтар ӯро дар куштор муттаҳам карданд.

XS
SM
MD
LG