Ссылки доступа

Доналд Трамп бо роҳбари Куриёи Шимолӣ гуфтугӯ мекунад


Президенти ИМА Доналд Трамп барои гуфтугӯ бо роҳабри Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ин омода мешавад. Ба эҳтимоли зиёд, ин гуфтугӯҳо то ду моҳи дигар баргузор хоҳанд шуд.

Дар ин бора баъди мулоқоти Доналд Трамп бо намояндагони ҳукумати Куриёи Ҷанубӣ хабар расид. Намояндагони ҳукумати Куриёи Ҷанубӣ чанд рӯз пеш бо Ким Чен Ин дар Пхенян мулоқот карданд. Маҳз онҳо ба Доналд Трамп даъвати гуфтугӯи роҳбари Куриёи Шимолиро расониданд. Дар гуфтугӯи Доналд Трамп бо роҳбари Куриёи Шимолӣ бояд мавзуи қатъи барномаи ҳастаӣ ва маҳви силоҳҳои ҳастаии Куриёи Шимолӣ баррасӣ шавад. Президент Доналд Трамп дар Твиттер навишт, ки аз баргузории ин гуфтугӯҳо хушбин аст.

Доналд Трамп пештар аз ин гуфта буд, ки иштибоҳи президентҳои пешини Амрикоро такрор нахоҳад кард ва ба гуфтугӯҳое, ки дар гузашта натиҷаовар набуданд, ворид нахоҳад шуд.

Замон ва макони гуфтугӯҳо ҳанӯз мушаххас нашудааст.

XS
SM
MD
LG