Ссылки доступа

Мирзиёев: "Аз чашмони мардум хондам, ки тоҷикон хоҳони гармии равобит ҳастанд"


Шавкат Мирзиёев дар оғози мулоқоти як ба як бо Эмомалӣ Раҳмон гуфт, "вақте аз хиёбонҳои Душанбе мегузаштам, аз чашмони мардум мехондам, ки мардуми тоҷик ташнаи гарм шудани равобит бо Ӯзбекистон ҳастанд".

Раиси ҷумҳури Ӯзбекистон ҳамчунин гуфт, тӯли чандин сол Тоҷикистону Ӯзбекистон муносибатҳои начандон хуб доштанд ва ҳоло мардуми ду кишвар аз ин сафари ӯ интизориҳои зиёд доранд.

Раиси ҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев субҳи 9-уми март бо сафари давлатӣ вориди Душанбе -- пойтахти Тоҷикистон шуд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе раиси ҷумҳури Ӯзбекистонро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти дигари тоҷик пешвоз гирифтанд. Маросими расмии истиқбол аз раиси ҷумҳури Ӯзбекистон дар "Қасри Миллат" сурат гирифт ва ба истиқболи Шавкат Мирзиёев 21 гулӯлаи тӯп ба ҳаво андохта шуд. Ҳоло мулоқоти як ба яки Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ҷараён дорад ва сипас музокироти ҳайатҳо бо иштироки руасои ҷумҳури ду кишвар доир хоҳад шуд.

Дар поёни ин гуфтугӯҳо миёни ду кишвар беш аз 20 санади ҳамкорӣ имзо мешавад. Созишномаҳои марбут ба шароити сафари шаҳрвандон ба кишварҳои ҳамдигар, қарордоди аломатгузории марзӣ давлатӣ ва бастаи созишномаҳо оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, аз ҷумлаи ин қарордодҳо ба шумор меравад.

Дар пай дар Маҷмааи "Истиқлол" форуми соҳибкорони ду кишвар бо ширкати руасои ҷумҳури ду кишвар баргузор мешавад. Ба дунбол Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар ифтитоҳи Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии ширкату корхонаҳои истеҳсолии Ӯзбекистон, ки дар маҷмаии "Манеж" баргузор мешаванд, иштирок хоҳанд кард. Ин намоишгоҳ то рӯзи 11-уми март идома хоҳад кард.

Яке аз бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи барномаи сафари мақомоти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон -- баргузории консерти муштараки устодони ҳунари ду кишвар дар "Кохи Борбад"-и Душанбе аст, ки "Шоми Дӯстӣ" ном дорад ва имрӯз, 9-уми март баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG