Ссылки доступа

Баъд аз худкушии донишҷӯи туркман, донишгоҳи Киевро дар фасодкорӣ айбдор карданд


Расонаҳои Украина дар бораи фасодкорӣ дар донишгоҳе менависанд, ки як донишҷӯи туркмани он донишгоҳ чанде пеш худкушӣ карда буд.

Расонаҳо ҳам порагирӣ ва ҳам арзиши баҳои имтиҳону санҷишҳои донишгоҳи мазкурро нашр карданд.

Ахиран ректор ва муовини декан дар умури донишҷӯёни хориҷӣ аз мақом дар донишгоҳи ба номи Богомолетс барканор шуданд.

19 феврали соли ҷорӣ додситонии шаҳри Киев дар робита ба худкушии Муқаддас Насиралиева, як донишҷӯи 19-сола аз Туркманистон парванда кушода буд. Мақомот хабар доданд, ки донишҷӯ 30 январ аз донишгоҳ берун шуда, худро аз болои пул ба об партофтааст.

XS
SM
MD
LG