Ссылки доступа

Қирғизистон дар интихоботи президентии Русия 56 нозир мефиристад


Аз ҷониби Қирғизистон дар интихоботи президентии Русия, ки 18 март барпо мешавад, 56 нозир ширкат мекунад. Дар ин бора Комисияи марказии интихоботӣ ва раъйпурсии Қирғизистон хабар дод.

Ба иттилои ин ниҳод, Комисияи марказии интихоботии Русия 2 нозир, Созмони ҳамкориҳои Шангхай 3 нафар, ИДМ 27 тан, маъмурияти САҲА 16 нозир, Ассамблеи байнипорлумонии ИДМ 1 нозир, Ассамблеи байнипорлумонии СПАД 1 тан, Ассамблеи байнипорлумонии САҲА 3 нозир даъват кардааст ва порлумони Қирғизистон низ ду нозир ирсол мекунанд.

Дар Қирғизистон дар рӯзи интихоботи Русия 6 қитъаи раъйдиҳӣ - дар шаҳрҳои Бишкек, Ӯш, Кант, Қаракӯл, Қара-Балта ва Чолпон-Ата ташкил мешавад.

XS
SM
MD
LG