Ссылки доступа

Ташхис шиканҷа шудани рӯзноманигор Абдуллоевро тасдиқ накард


Натиҷаҳои ташхиси тиббӣ шиканҷа шудани рӯзноманигори боздоштшудаи ӯзбек Бобомурод Абдуллоевро дар маҳбас тасдиқ накардаанд. Додрас Зафар Нурматов 15 март дар мурофиаи додгоҳӣ гуфт, ташхисҳо нишон доданд, ки Абдуллоев пеш аз боздошт низ бемор буд.

Вакили дифои рӯзноманигор Сергей Майоров дар мурофиаи 7 март гуфта буд, ки шахси зери ҳимояш таҳти фишору шиканҷа гуноҳро ба гардан гирифтааст. Бинобар ин, ӯ аз додрас Нурматов хост, шикояти Абдуллоевро бисанҷанд ва додрас ҳам дархости вайро пазируфт.

Фаъоли созмони ҳомии ҳуқуқи "Эзгулик" ва рӯзноманигори мустақил аз Тошканд Абдураҳмон Ташанов, ки дар мурофиа иштирок дошт, мегӯяд, "Абдуллоев дар додгоҳ иқрор кард, ки воқеан солҳои 2003-2005 бо номи мустаори "Усмон Ҳақназаров" матлаб менавишт. Вай гуфт, ки ҳангоми бозпурсӣ шиканҷа шудааст. Абдуллоев афзуд, ки 27 сентябри соли гузашта вайро дар наздикии хонааш боздошт карда, ба ҷои номаълум бурданд. Вақте пурсид, ки дар куҷо аст, гуфтанд, ки дар таҳхонаи "Салимбой" қарор дорад. Баъд аз ду рӯз ӯро ба боздоштгоҳи муваққатӣ интиқол дода, маҷбур кардаанд, ки зидди раҳбарони кунунии вазорати умури дохилӣ ва хадамоти амнияти Ӯзбекистон - Пулод Бобоҷонов ва Ихтиёр Абдуллоев баёнот диҳад".

Додгоҳи шаҳри Тошканд 7 март баррасии парвандаи рӯзноманигор Бобомурод Абдуллоев, блогер Ҳаёт Насриддинов ва соҳибкорон Равшан Салаев ва Шавкат Оллоҳёровро оғоз кард, ки дар "қасди ғасби ҳукумат ва сарнагун сохтани сохти конститутсионии давлат" айбдор мешаванд.

XS
SM
MD
LG