Ссылки доступа

Созмонҳои шаҳрвандии Сурия мехоҳанд, Ҷоми ҷаҳонии футбол таҳрим шавад


Бештар аз 20 созмони ҷамъиятии Сурия аз ҳукуматҳои чаҳор кишвари Ғарбӣ хостанд, ки Русияро аз эҳтимоли таҳрим кардани Ҷоми ҷаҳонии футбол огоҳ созанд.

Созмонҳо мегӯянд, ин тадбир ба хотири тағйир додани сиёсати Москва дар Сурия корсоз хоҳад буд. Чунин муроҷиат ба ҳукуматҳои Бритониё, Олмон, ИМА ва Фаронса ирсол шудааст.

Муаллифони муроҷиатнома интизор доранд, ки мақомоти Русия ба президенти Сурия Башор Асад фишор оранд ва ӯро маҷбур созанд, ки бомбаронро қатъ кунад. Пеш аз ҳама онҳо қатъи муҳосираи Гутаи Шарқиро дар назар доранд.

Сар аз соли 2013 ба ин тараф наздики 400 ҳазор сокини Гутаи Шарқӣ, ки дар наздикии Димишқ ҷойгир аст, дар муҳосира ҳастанд. Дар ин минтақа дастрасӣ ба маводи ғизоӣ, оби ошомиданӣ, дору ва нерӯи барқ маҳдуд аст.

Миёнаҳои моҳи феврали соли 2018 артиши ҳукуматии Сурия бомбаборони мавзеҳои гуруҳҳои мухолифро дар Гутаи Шарқӣ шуруъ кард. Созмонҳои нозир мегӯянд, дар ин бомбаборонҳо бештар аз 900 сокини осоишта кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG