Ссылки доступа

Эмомалӣ Раҳмон: ҳамкорӣ накардан дар масъалаи об хатарҳои ҷиддӣ дорад


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 22 март ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи марбут ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар шаҳри Ню-Йорк гуфт, густариши ҳамгироии Осиёи Марказӣ бояд ба тақвияти ҳамкории минтақавӣ дар масъалаҳои обу энергетика кумак кунад.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, феълан дар ҷаҳон беш аз 276 ҳавзаи дарёии байналмилалӣ мавҷуд аст, ки ҳудуди 148 кишварро фаро гирифта, 40 фоизи аҳолии дунё дар онҳо маскунанд.

"Ҳамкории самаранок метавонад василаи муассири тавсеа дар соҳаи об гардад ва норасоии иқтидори он метавонад хатари ҷиддӣ ва хароҷоти зиёдро ба вуҷуд оварда, ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишварҳои маҳсур бо хушкӣ таъсири манфӣ расонад", - афзуд ӯ.

Президенти Тоҷикистон гуфт, омилҳое, ки чаҳорчӯб ва имконоти ҳамкории ояндаро дар соҳаи захираҳои об муайян мекунанд, бояд дар назар гирифта шаванд. Аз ҷумла "тағйирёбии иқлим, ки ба миқдор ва сифати захираҳои об таъсиргузор асту кӯшишҳоро барои ноил гардидан ба рушди устувор заиф месозад".

Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми ҳозирин даъват кард, то дар конфронси Даҳсолагии байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” , ки 20-22 июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, иштирок кунанд.

Ба иттилои президент, Тоҷикистон дар 15 соли охир "барои ҳалли масоили дастрасӣ ба обу беҳдошт қариб як миллиард доллари амрикоӣ сарф кардааст. Дар натиҷа ҳукумат дар панҷ соли охир дастрасии тақрибан 1,2 миллион нафарро ба оби ошомидании босифат ва 600 ҳазор нафарро ба оби ошомидании бехатар таъмин гардонид”.

XS
SM
MD
LG