Ссылки доступа

Қасди худкушии парастори ӯзбек баъди ронда шуданаш аз кор


Гулрух Дӯстова, ҳамшираи шафқати бемористони №2 дар ноҳияи Учқудуқи Ӯзбекистон қасди худкушӣ кард.

Ин парастори 29-сола рӯзи 28 март талоши худкушӣ кардааст. Муҳаммад Аҳадов, шавҳари Дӯстова мегӯяд, вай баъди аз кор ронда шуданаш ба ҷони худ қасд кард.

Дӯстова низ, ки дар бахши эҳёгарии беморхона бистарист, гуфт, беадолатии корфармояш ӯро ба ин ҳол расонд.

"Моҳи октябри соли гузашта ман дар коргоҳ будам, як корафтода бе хилъат вориди шуъбаи мо шуд. Ман монеи ӯ шудам. Ҳамин лаҳза муовини сардухтур вориди шуъба шуда, маро сарзаниш кард, ки чаро корафтодаро иҷозаи вуруд намедиҳам", -- гуфт Гулрух. Баъди ин ҳодиса муносибат дар коргоҳ нисбати вай сард шуд.

Гулрух Дӯстова мегӯяд, мақомоти давлатӣ ба шикоятҳои вай таваҷҷуҳ накарданд.

XS
SM
MD
LG