Ссылки доступа

Расонаҳо: Трамп қасд дорад, дар мусобиқаи силоҳсозӣ Путинро шикаст диҳад


Дар сурати шуруъ шудани мусобиқаи нави истеҳсоли силоҳ, ИМА Русияро шикаст хоҳад дод. Дар ин бора президенти ИМА Доналд Трамп дар суҳбати телефонӣ бо ҳамтои русаш Владимир Путин изҳори назар кард, менависанд расонаҳои ИМА.

Ба иттилои расонаҳо, мушовирон ба Трамп машварат додаанд, ки бо ҳадафи беҳсозии равобит бо Русия азм ва амалкарди қатъӣ ба намоиш гузорад. Маҳз ин навъи амалкард, ба навиштаи расонаҳо, боиси фиристодани маҷмааи зиддитонкии Javelin ба Украина шудааст.

Телевизиони NBC хабар медиҳад, ки Трамп нисбати изҳороти Путин дар бораи силоҳи нави ҳастаӣ тамасхур кардааст. Президенти Русия пештар хабар дод, ки кишвараш соҳиби силоҳи нави ҳастаӣ шуд.

XS
SM
MD
LG