Ссылки доступа

Чи гуна ровии пешин дар баҳси додгоҳӣ мудири ТВ-ро шикаст дод


Дар Қирғизистон ровии пешини барномаи ахбори телевизиони КТРК Чинор Капарова дар баҳси додгоҳии худ бо мудири телевизион Илим Карипбеков дар робита ба қарори барканорияш пирӯз шуд.

Ба огаҳии Додгоҳи олии Қирғизистон, ин ниҳод 26 март қарори зинаҳои поёнӣ - додгоҳи ноҳияи Ленин ва додгоҳи шаҳри Бишкекро бетағйир гузоштааст. Ду додгоҳ раҳбарияти КТРК-ро вазифадор карда буданд, ки ровиро ба ҷои кораш барқарор кунад.

Ҳамчунин телевизион вазифадор шудааст, ки маоши Капароваро аз замони барканорияш (дар ҳаҷми 55 ҳазор сом) ва ҳамчун ҷуброни маънавӣ 5 ҳазор соми дигар пардохт кунад.

Чинор Капарова соли 2016 барои як иштибоҳи худ дар барномаи ахбор, ки шоир Суйун Эралиевро Қаҳрамони ҷумҳурии Қирғизистон номид, аз мақомаш барканор шуд. Ровӣ эътироз кард, ки Карипбеков бояд бо огоҳӣ додан иктифо мекард ва ба додгоҳ шикоят бурд.

Илим Карипбеков гуфт, омодааст қарори додгоҳро иҷро кунад.

XS
SM
MD
LG