Ссылки доступа

Дар Қазоқистон як сарбоз ҳамхидмати худро парронд


Вазорати дифои Қазоқистон гуфт, ҳодиса 31 март дар бинои комиссариати ҳарбии шаҳри Толдиқӯрғон рух дод.

Дар иттилоияи вазорат, ки рӯзи шанбе нашр шуд, аз оғози тафтишот дар робита ба ҳодисаи мазкур хабар дода шудааст. Вале вазорат ҷузъиёти тирпаронии сарбози қазоқро шарҳ надодааст.

Расонаҳои маҳаллӣ навиштанд, ки бинои комиссариати ҳарбӣ муҳосира шуда, дар маҳалли ҳодиса кормандони пулис ва додситонии низомии вилоят ҳузур доранд.

XS
SM
MD
LG