Ссылки доступа

Дар як тарабхонаи Бишкек 40 меҳмони тӯйи арӯсӣ заҳролуд шуданд


Сардухтури Маркази санитарӣ ва эпидемиологии шаҳри Бишкек Артур Буюқлянов мегӯяд, тибқи маълумоти пешакӣ, меҳмонони тарабхонаи "Ала-Тоо"-и пойтахти Қирғизистон аз гӯшти мурғ заҳролуд шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, аз 190 кас 41 тани онҳо заҳролуд гаштаанд. "Вазъи беморон муътадил аст. Бархе аз онҳо кам заҳролуд шудаанд. Дар ҳоли ҳозир, мо ғизои тарабхонаро гирифта, ташхис дорем. Бино ба маълумоти пешакӣ, муштариён аз гӯшти мурғ заҳролуд шудаанд", - афзуд Буюқлянов.

Пештар сардухтури Беморхонаи касалиҳои сироятии Бишкек Гулжигит Алиев гуфт, ба 52 муштарии тарабхонаи мазкур ёрии тиббӣ расонидаанд.

Дар тарабхонаи "Ала-Тоо" 31 март бо иштироки 190 кас тӯйи арӯсие баргузор шуд. Баъзе аз меҳмонон баъд аз хӯрдани ғизо худро бад ҳис карда, ба беморхона рафтаанд.

Маъмурияти тарабхона ваъда медиҳад, ки баъд аз анҷоми санҷиш ҳодисаро шарҳ хоҳанд дод.

XS
SM
MD
LG