Ссылки доступа

Эрдуғон Натаняҳуро "террорист" ва "ишғолгар" номид


Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон дар робита ба куштори 15 фаластинӣ дар рӯзи ҷумъаи гузашта ва посух ба интиқоди сарвазири Исроил Бинёмин Натанёҳу аз низомиёни турк Натанёҳуро "террорист ва ишғолгар" номид.

Баҳси лафзии раҳбарони Исроилу Туркия баъд аз он сар зад, ки Анқара аз амали низомиёни Исроил ҳангоми задухурд дар навори Ғазза сахт интиқод кард. Дар натиҷаи ин задухурд 15 фаластинӣ кушта ва садҳо одам захмӣ шуданд.

Натанёҳу дар Твиттер навишт, "шахсоне, ки тайи чандин сол сокинони осоиштаро бомбаборон мекунанд, набояд артиши Исроилро ёд диҳанд". Ӯ Анқара ва амалиёти низомиёни турк зидди курдҳоро дар Ироқу Сурия ва худи Туркия дар назар дошт.

Эрдуғон низ дар посух ба навиштаи Натаняҳу сарвазир ва давлати Исроилро сахт интиқод ва дар ишғоли заминҳои фаластинӣ айбдор карда, ӯро "террорист" номид.

Вазири дифои Исроил Авигдор Либерман рӯзи якшанбе даъватҳои СММ ва Иттиҳоди Аврупоро барои санҷиши куштори 15 фаластинӣ рад кард. "Сарбозони Исроил кореро анҷом доданд, ки зарур буд. Фикр мекунам, ба ҳамаи сарбозони мо бояд мукофот дод", - гуфт Либерман. Ба иттилои Исроил, бештари кушташудаҳо узви гуруҳҳои тундрав буданд.

XS
SM
MD
LG