Ссылки доступа

Пулиси рус муҳоҷири 27-солаи ӯзбекро аз гурдааш маҳрум сохт (видео)


Узбекский мигрант, получивший от российского полицейского пулю в живот, лишился одной почки
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:47 0:00

Муҳоҷири ӯзбек Адҳамбеки 27-сола, ки 21 март дар натиҷаи оташкушоии пулиси Москва захмӣ шуда буд, гурдаи худро аз даст дод. Ба гуфтаи як манбаи огаҳ аз раванди тафтишот, пулис Адҳамбек ва ду дӯсташро ба дуздии аккумлятори мошин айбдор мекунад.

Дар парвандаи ҷиноӣ, ки зидди муҳоҷирони ӯзбек боз шудааст, гуфта мешавад, дар ин дуздӣ як шаҳрванди 27-солаи дигари Ӯзбекистон бо номи Ҷамшед ҳам гумонбар аст.

Вале худи Адҳамбек ва вакилони дифоаш мегӯянд, иддаои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Москва асос надорад. Ба гуфтаи Адҳамбек, кормандони пулис вақте, ки бо яке аз дӯстони наздикаш суҳбат мекард, ғайриинтизор ба ӯ ҳамла карданд.

"Ман муқобилат нишон надодам ва дар дасти онҳо силоҳ буд. Агар муқобилат нишон медодам, онҳо метавонистанд ба пой ё дасти ман парронанд. Ман чизеро ҳам надуздидаам ва дар Москва хона таъмир карда, бо меҳнати ҳалол пул кор мекунам", - афзуд Адҳамбек.

Ба гуфтаи вакили дифои муҳоҷири ӯзбек Шуҳрат Ҳамроқулов, кормандони пулиси Москва бидуни огоҳӣ ба самти шахси зери ҳимояи ӯ оташ кушодаанд.

"То ҷое медонам, корманди пулис ҳангоми боздошт ӯро парондааст. Дар ҳоли ҳозир, барои исботи ин далел надорем. Дар натиҷаи оташкушоӣ гурдаи Адҳамбек захмӣ шуда буд ва табибон онро бурида гирифтанд. Бояд гуфт, кормандони пулис аз салоҳияти худ берун рафта, аз силоҳ истифода карданд", - изҳор дошт Ҳамроқулов.

XS
SM
MD
LG