Ссылки доступа

Бердимуҳаммадов писари 36-солаашро муовини вазир таъйин кард


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов – раиси ҷумҳури Туркманистон – писари 36-солааш Сардор Бердимуҳаммадовро муовини вазири умури хориҷии он кишвар таъйин кард. Хабари расмӣ дар ин бора рӯзи 30-юми марти имсол нашр шудааст.

Аз ин пеш расонаҳои давлатии Туркманистон навиштанд, ки Бердимуҳаммадови хурдӣ бо дарёфти беш аз 91 дарсади раъйи мардум дубора вакили порлумон интихоб гардид. Ин раъйдиҳӣ рӯзи 25-уми марти имсол сурат гирифт. Сардор Бердимуҳаммадов бори аввал моҳи ноябри соли 2016 вориди порлумон шуда, пас аз чанде раёсати кумита оид ба қонунгузории ин шохаи ҳокимиятро ба даст гирифта буд. Ягона писари раиси ҷумҳури Туркманистон соли гузашта ба чанд кишвари хориҷӣ низ рафт ва бо намояндагони онҳо, аз ҷумла дар Русия, мулоқот кард.

Коршиносон аз оғоз пирӯзии осони Сардор Бердимуҳаммадовро дар интихоботи 25-уми март пешбинӣ мекарданд. Онҳо ба ин бовар буданд, ки интихоботи порлумонӣ Бердимуҳаммадови хурдиро то мақоми раиси порлумон расонда, идомаи ҳукумати ин "сулола"-ро таъмин хоҳад кард. Бино ба Қонуни асосии Туркманистон раиси порлумон аз рӯи мансаб пас аз президент нафари дувум аст. Ӯ ҳақ дорад, ки дар ҳолатҳои зарурӣ ҷилави кишварро ба даст гирад.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон, падари чаҳор фарзанд – як писар ва се духтар аст. Бердимуҳаммадов баъд аз марги раҳбари аввали ин ҷумҳурӣ – Сафармурод Ниёзов, маъруф ба Туркманбошӣ, дар моҳи декабри соли 2006 раҳбарии ин ҷумҳурии ғанӣ аз газро бар ӯҳда гирифт. То он замон ӯ дар мақоми вазири тандурустӣ кор мекард ва дар бораи ӯ ҳам иттилои зиёд дар даст набуд.

XS
SM
MD
LG