Ссылки доступа

"Шоу" барои президент: донишҷӯҳо нақши дӯзандаро бозианд


Бархе аз сокинони ноҳияи Зарбдори вилояти Ҷиззах иддао доранд, ки ҳукумати маҳаллӣ раиси ҷумҳури Ӯзбекистонро ҳангоми боздид аз корхонаи "Зарбдор текстил" "фиреб додааст".

Онҳо мегӯянд, мақомот як гуруҳ аз духтаронро ба ҳайси дӯзандаву коргари ҷавон ба президент муаррифӣ карданд, ки дар асл донишҷӯи коллеҷи кишоварзӣ ва иқтисод буданд. Шавкат Мирзиёев рӯзи 30-юми марти имсол ба вилояти Ҷиззах рафта буд.

Бино ба аксҳое, ки дафтари матбуоти президенти Ӯзбекистон нашр кард, духтарони ҷавон бо либоси сурхи ягона паси мошини дарздӯзӣ нишастаанд ва раиси ҷумҳур бо ҳавас бо онҳо гап мезанад. Аммо баъзе аз сокинон бо бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ тамос гирифта гуфтанд, ки ин танҳо як бахши "намоиш" (спектакл) барои президент буд.

"Мақомоти маҳаллӣ президентро фиреб доданд. Ҳамаи ончи президент дар инҷо дид, намоише беш набуд. Тамоми духтароне, ки дар ҷараёни сафари президент паси мошини дарздӯзӣ нишаста буданд, дузанда нестанд. Ҳамаи онҳо донишҷӯи коллеҷанд. Аммо президент бо дидани ин саҳна бовар кард ва хушҳол шуд, ки дар инҷо ҷавононро бо кор таъмин кардаанд", - гуфт яке аз сокинони ноҳияи Зарбдор ба шарти ифшо нашудани номаш.

Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, шахсан ҳамон рӯз тамоми ин саҳнаҳоро назорат кардааст. "Ба пешвози президент донишҷӯёни коллеҷи кишоварзӣ ва иқтисодро омода карданд. Ба онҳо гап ёд доданд. Ин духтарон нақши ҷавонҳоеро бозӣ карданд, ки гӯё ҳукумати маҳаллӣ ба онҳо ҷои кор додааст", - афзуд ӯ.

Ин ҳамсуҳбати мо барои тасдиқи гуфтаҳояш аксҳоеро фиристод, ки рӯзи 30-юми марти имсол дар назди корхонаи "Зарбдор текстил" гирифта шудааст.

Як сокини куҳансоли ноҳияи Зарбдор дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки наберааш, донишҷӯи соли севум, чанд соат нақши дӯзандаи "Зарбдор текстил"-ро бозӣ кардааст. "Набераам соати панҷи саҳар либоси ягонаеро, ки аз қабл ба ӯ ва ҳамроҳонаш дода буданд, пӯшида, ба корхона рафт", - гуфт ӯ.

Раҳбарони баъзе аз омӯзишгоҳҳо дар Ҷиззах тасдиқ карданд, ки мақомоти маҳаллӣ ба пешвози президент "спектакл" омода карда буданд. Раҳбари яке аз омӯзишгоҳҳо гуфт, донишҷӯёнро бо амри ҳукумати маҳаллӣ "ба кор" фиристода буд. “Сабабҳояшро аз мақомот пурсед. Ин идеяи онҳо буд. Мо танҳо фармонро иҷро кардем”, - гуфт ӯ.

XS
SM
MD
LG