Ссылки доступа

Қатъи "маҷбурӣ"-и парвозҳои "Сомон Эйр" ба 7 шаҳри Русия


Ширкати "Сомон Эйр"-и Тоҷикистон дар як огаҳӣ ба муштариёни худ эълон кард, ки парвози ҳавопаймоҳояш аз Душанбеву Хуҷанд ба ҳафт шаҳри Русияро қатъ мекунад. Ин тасмим, ба гуфтаи масъулони ширкат, "маҷбурӣ" ва бар асоси барқияи "Росавиатсия" гирифта шудааст. Ин барқия рӯзи 31-уми марти имсол дастрас гардид.

Масъулони "Сомон Эйр" мегӯянд, бино ба барқияи "Росавиатсия", аз соати дувоздаҳи шаби 2-юми апрел иҷрои парвозҳо дар хатти сайри Душанбе-Екатеринбург-Душанбе, Душанбе-Иркутск-Душанбе, Душанбе-Қазон-Душанбе, Душанбе-Краснодар-Душанбе, Душанбе-Красноярск-Душанбе, Душанбе-Санкт-Петербург-Душанбе, Душанбе-Сочи-Душанбе, Хуҷанд-Қазон-Хуҷанд ва Хуҷанд-Санкт-Петербург-Хуҷанд манъ мешавад.

Дар барқияи "Росавиатсия” гуфта шудааст, ки манъи парвози ҳавопаймоҳои ин ширкат ва "Тоҷик Эйр" бо қарори Вазорати нақлиёти Русия сурат мегирад. Ин ширкат гуфтааст, масъала ба тасдиқ нашудани дархости "Уралские авиалинии" дар мавриди иҷрои парвозҳо аз ҷониби Вазорати нақлиёти Тоҷикистон рабт дорад.

Хатсайрҳои Душанбе-Маскав-Душанбе, Душанбе-Новосибирск-Душанбе, Хуҷанд-Новосибирск-Хуҷанд, Хуҷанд-Краснодар-Хуҷанд ва Кӯлоб-Маскав-Кӯлоб бетағйир мондааст.

Моҷарои ҳавоӣ миёни Душанбеву Маскав пас аз он сар зад, ки Тоҷикистон рӯзи 12-уми марти имсол ба ширкати русии "Уралские авиалинии" иҷозати парвоз дар масири нави Перм-Душанберо надод.

XS
SM
MD
LG