Ссылки доступа

Марги Абдурасул Назаров баъд аз як рӯзи боздошт дар Душанбе (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Талаби номгузорӣ шудани яке аз маҳалҳои Ашт ба номи Тоҳири Абдуҷаббор (видео)

- Аз Русия ихроҷ шуданд, дар марз кор ёфтанд. Чанд сокини ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон, ки аз Русия ихроҷ шуда, ҳадди ақал панҷ сол ҳаққи вуруд ба он кишварро надоранд, дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон барои худ ҷойи кор ёфтаанд. Онҳо кирокашӣ мекунанд (видео)

- Репортаж аз гузаргоҳи "Саразм", марзи Тоҷикистону Узбекистон. Ин шабу рӯз гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистону Узбекистон хеле серодам аст. Сокинон гуфтанд, ки бештар барои тамошо ва дидорбинии наздикон ба ҳудуди ду кишвар мегузаранд. Гузориши ҳамкорони мо аз гузаргоҳи "Саразм-Ҷартеппа" (видео)

- Оромӣ хоҳӣ, ба вазъи фавқулода омода бош! (видео)

- Марги Абдурасул Назаров баъди як рӯзи боздошт дар Душанбе. Наздикони Абдурасул Назаров, сокини шаҳри Кӯлоб, мегӯянд, ҷасади ӯро пас аз як рӯзи боздошт аз тарафи маъмурони милиса бо осори латту кӯб аз бемористони Қарияи Болои Душанбе гирифтаанд. Ин сокини кӯчаи Чармгарони шаҳри Кӯлоб муваққатан дар пойтахт мезист (видео)

- Русия озмоиши мушаки байниқоравии "Сармат"-ро намоиш дод. Русия озмоиши мушаки байниқоравии "Сармат"-ро намоиш дод. Озмоиш дар минтақаи Архангелски Русия сурат гирифтааст. Ба қавли мансабдорони рус мадди парвози "Сармат" ба 16 ҳазор километр баробар аст. (видео)

- Амалиёти махсуси "Айвазовский дуздидашуда": чи гуна расмҳоро ба Қрим бурданд. Рӯзноманигорони "Қрим. Воқеият" осори рассомони машҳуреро диданд, ки чор сол пеш аз Мариупол ба Қрим бурда шуданд. (видео аз Директ)

- Пушти таҳдидҳои Путин ба Ғарб чӣ меистад? Владимир Путин дар паёми пешазинтихоботии худ ба Маҷлиси федеролӣ аслиҳаҳои наверо рӯнамоӣ кард, ки ба гуфтаи ӯ, Ғарбро маҷбур месозанд, пушти мизи гуфтушунид бинишинад. (видео аз Директ)

- Миллиардҳои гумрук. «Азаттик» дар бораи фасодкорӣ дар гумрук таҳқиқотеро анҷом дод, вале ниҳодҳои салоҳиятдор аз чи бошад, ки хомӯширо пеша кардаанд. Ин бор сабабҳои хомӯширо шарҳ хоҳем дод. (видео аз Директ)

- Муҳоҷири ӯзбек, ки аз тири пулис захмӣ шуда буд, аз як гурдааш маҳрум гардид (видео)​

- Оқибати ихроҷи дипломатҳо чӣ хоҳад буд? Рӯзноманигорони Настоящее время аз Вигаудас Ушатскас, вазири пешини умури хориҷии Литва ва собиқ сафири Иттиҳоди Аврупо дар Русия пурсиданд, ки муносибатҳои Москва бо Ғарб дар оянда ба чи шакле рушд хоҳанд кард. (видео)

- Обхезӣ дар Қазоқистони Шарқӣ. Кормандони наҷот шикоят мекунанд, ки техника ва лавозимоти кофӣ надоранд. (видео аз Директ)​

- Рақс ва компютер барои онҳое, ки 70-сола шудаанд. Ихтиёриёни созмони "Адра Киргизистан" аллакай 12 сол аст, талош доранд, зиндагии нафақахӯронро рангин созанд. (видеои Настоящее время)

- "Аслан ӯ молик нест". Ҳамсари Надежда Судденок, ки дар доираи парвандаи "Зимняя вишня" боздошт шудааст. (видеои Настоящее время)

- «Умедро аз даст намедиҳам…». Рискул Бозорбоева маъюби дараҷаи аввал аст ва писарашро танҳо ба воя мерасонад. Ӯ баъд аз хатми мактаб ба Русия рафта, дар онҷо захмӣ ва маъюб шуд. Ҳоло ба ватан баргашта, дар манзиле зиндагӣ дорад, ки бонк онро ба гарав гирифтааст. Ин ҷавонзан намедонад, ки баъд аз мусодира шудани хонааш дар куҷо зиндагӣ хоҳад кард. (видео аз Директ)

- Трамп ба Amazon "ҳамла" кард. Президенти ИМА Доналд Трамп бори дигар ба соҳибони тиҷорати бузург "ҳамла" кард. Ин бор ба ширкати Amazon. (видео)

- Дар Қирғизистон баъди оташсӯзии Кемерово ҳамаи марказҳои тиҷоратиро месанҷанд (видео аз Директ)

- Трамп ва алоқаи ҷинсӣ: зиндагии хусусии президенти ИМА - мавзуи асосии расонаҳои амрикоӣ (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG