Ссылки доступа

Корпартоии мусофиркашҳои Бишкек (видео)


Дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон, ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ корпартоӣ карданд. Шаҳрдори Бишкек хабар дод, ки ба ҷамъиятҳои мусофиркашонӣ гузашт нахоҳад кард.

Ба иттилои шаҳрдорӣ, ронандагон аз қароре норозиянд, ки сар аз 1 апрел ба иҷро даромад. Ин қарор барои аз меъёр бештар гирифтани мусофирон ҷарима пешбинӣ мекунад.

Дар соатҳои корпартоии ронандагон дар истгоҳҳои Бишкек ҷамъшавии мусофирон ба мушоҳида мерасид. Мақомоти шаҳр мегӯянд, имрӯз танҳо 30 дарсади ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ ба кор омадаанд. Дар ҳамин ҳол, дар 12 минтақаи шаҳри Бишкек эътирози ронандагон давом дорад.

"Аз ронандагон ҳамзамон талаб карданд, ки либоси ягона пӯшанд. Ин либосро бояд худи ронандаҳо дар ивази 750 сом (муодили тақрибан 100 сомонӣ) харидорӣ кунанд. Гуфта мешавад, талаби бима ё суғуртаи ҳатмӣ онҳоро ба кӯча баровардааст", - хабар медиҳанд расонаҳои маҳаллӣ.

Геннадий Милитский, ноиби шаҳрдори Бишкек бо ронандагон мулоқот ва аз онҳо даъват кард, ки ба кор бароянд. Вале эътирозгарон рад карданд.

Шаҳрдории Бишкек мегӯяд, ба ронандаҳо шарҳ дода шуда буд, ки аз 26 то 30 март барои мусофиркашонӣ бима дарёфт кунанд. Аммо дар иваз, ронандагон 2 апрел корпартоӣ карданд. Шаҳрдорӣ мегӯяд, ба ҷамъиятҳои мусофиркашонӣ ҳеч имтиёзе нахоҳад дод. Ба иттилои мақомоти Бишкек, дар ин шаҳр дар ҳоли ҳозир наздики 3 ҳазор микроавтобус дар 119 хати сайр ҳаракат мекунад.

В Бишкеке водители маршрутных такси приостановили работу
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:35 0:00

XS
SM
MD
LG