Ссылки доступа

Путину Руҳонӣ ва Эрдуғон дар Анқара мулоқот мекунанд


Президенти Русия Владимир Путин, раисҷумҳури Эрон Ҳасани Руҳонӣ ва роҳбари Туркия Раҷаб Эрдуғон 4 апрел дар шаҳри Анқараи Туркия мулоқот мекунанд.

Дар остонаи ин мулоқот, Путин бо Эрдуғон тасмим доранд, дар пойтахти Туркия дидори ҷудогона дошта бошанд.

Пештар аз ин Кремл хабар дод, ки мулоқоти се роҳбар моҳи апрел баргузор хоҳад шуд. Русияву Туркия ва Эрон ташаббускори баргузории гуфтугӯҳои сулҳи Сурия дар пойтахти Қазоқистон ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол, Эрону Русия аз президенти Сурия Башор Асад ва ҳукуматаш, Туркия аз бархе гуруҳҳои шӯришӣ ҳимоят мекунанд.

XS
SM
MD
LG