Ссылки доступа

Русия гуфт, дар размоишгоҳи Қазоқистон мушак озмоиш кардааст


Низомиёни Русия аз баргузории партоби озмоишии мушаки зиддиҳавоӣ дар размоишгоҳи Сариағаши Қазоқистон хабар доданд.

Вазорати мудофиаи Русия 2 апрел гуфт, "низоми нави мушаки зиддиҳавоӣ дар вақти таъйиншуда ба ҳадафи шартӣ расид".

Рӯзи баргузории озмоиш ва дигар ҷузъиёти он хабар дода намешавад. Русия дар гузашта низ дар размоишгоҳи Сариоғоч чанд озмоиши дигар баргузор карда буд.

Сомонаи вазорати мудофиаи Русия хабар медиҳад, ки низоми зиддимушакӣ барои ҳимояи Москва "аз зарбаҳои ҳавоӣ" сохта шудааст.

XS
SM
MD
LG