Ссылки доступа

Боздошти афсари ӯзбеке, ки муассиси пирамидаи молиро ҳимоят мекард


Мансур Мирзоев, як афсари мақомоти махсуси Ӯзбекистон боздошт шуд.

Мақомоти ӯзбек мегӯянд, Мирзоев яке аз 25 тане аст, ки дар доираи як рейди махсус рӯзи 20 март боздошт шудаанд.

Мансур Мирзоев дар доираи парвандаи додситони кулли пешин Рашид Қодиров ва муовини аввали додситони шаҳри Тошканд Мираглам Мирзоев боздошт гаштааст. Мансур Мирзоев бародарзодаи Мираглам Мирзоев аст, ки қаблан дар Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон кор мекард.

Ба иттилои мақомот, Мансур Мирзоев дар "сӯистифода аз мақоми хизматӣ, фасодкорӣ ва ғасби амволи соҳибкорон" айбдор мешавад.

Ӯро дар ҳимоят аз бунёдгузори пирамидаи молии "Аҳмадбой" айбдор карданд. Аҳмадбой, ки айни ҳол дар боздошт аст, зидди Мансур шоҳидӣ додааст.

XS
SM
MD
LG