Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон омӯзгорон барои ороиши мактаб иҷборан арча мехаранд


Омӯзгорони мактабҳои ноҳияи Бози вилояти Андиҷони Ӯзбекистон шикоят доранд, мақомоти ноҳия аз онҳо талаб кардааст, ки барои ороиши мактаб аз ҳисоби худ ниҳоли арча бихаранд.

Яке аз омӯзгорон мегӯяд, ҳар кадом ниҳоли арчаро барои онҳо муодили 2,5 доллар мефурӯшанд.

"Ба мактаби мо ниҳоли арча оварданд. Мудир ҷаласа доир кард ва ба ҳама дастур дод, ки дутоӣ арча бихарем. Мо мудирро дарк мекунем, ӯ танҳо дастурро иҷро мекунад. Аммо аламовар он аст, ки моро маҷбур мекунанд арчаҳоро 20 ҳазор сӯмӣ бихаред, дар ҳоле ки ин арчаҳо дар бозор 3 ҳазор сӯм арзиш доранд", - гуфт як омӯзгор.

XS
SM
MD
LG